Баргузории «Суруди сарбоз» ва «Навои ватан» байни хизматчиёни ҳарбӣ
Душанбе, 01.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Фестивал-озмуни навбатии «Суруди сарбоз» ва «Навои ватан» байни хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, ки дар Боғи Ирам баргузор гардид, нисбат ба солҳои қаблӣ тафовут дошт. Ин дафъа чорабинии мазкур аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти қудратии мамлакат гузаронида шуд.
Дар даври ҷамъбастии озмунҳои «Суруди сарбоз» ва «Навои ватан» байни хизматчиёнии ҳарбии сохторҳои қудратии кишвар масъулин ташкили ин қабил чорабиниҳоро дар таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа ва тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии насли наврасу ҷавонаскарон мақсаднок ва манфиатбахш арзёбӣ намуданд.
Дастаҳои ҳунарии сохторҳои қудратии кишвар ва Оркестри ҳарбӣ-нафасии Полки комендантии Вазорати мудофиа суруду оҳангҳои ватандӯстонаи хешро таҳти унвони навои дилангез пешниҳоди меҳмонони Боғи Ирам гардониданд.
Зимни ҷамъбасти барномаи фарҳангӣ барои ширкати фаъолона дар ин чорабинии ҷумҳуриявӣ ба 20 нафар иштирокчии он сипосномаву ифтихорнома ва туҳфаҳои кумита тақдим шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






