Бе назорати гумрукӣ ворид кардани тухми мурғ
Душанбе, 30.07.2015. (АМИТ «Ховар»).-Ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ дар роҳи Хуҷанд-Душанбе, ду воситаи нақлиётӣ таҳти идорат шаҳрвандон М.Раҳимов ва Валиҷони Тоҳирӣ, инчунин дар роҳи мошингарди самти ноҳияи Б.Ғафуров — Ҷ.Расулов воситаи нақлиёти дигар таҳти идораи О.Ғафуров боздошт гардида, мавриди тафтиши гумрукӣ қарор дода шуд.
Тибқи иттилои Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар натиҷаи гузаронидани муоинаи гумрукӣ аз бордонҳои воситаҳои нақлиётӣ ба миқдори 371 ҳазору 520 дона тухми мурғи истеҳсоли Ҷумҳурии Қазоқистон дарёфт гардид. Моли мазкур ба шаҳрванд А.Холиқов, истиқоматкунандаи ноҳияи Б.Ғафуров тааллуқ дошта, арзиши умумии он аз 204 ҳазору 336 то 211 ҳазору 766,4 сомониро ташкил медиҳад. Шаҳрванд моли мазкурро бо маслиҳати пешакӣ аз Ҷумҳурии Қирғизистон ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳҳои ғайрирасмӣ бидуни назорати гумрукӣ ворид намудааст.
Аз рӯи ҳолати мазкур нисбат ба шаҳрванд А. Холиқов парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтиш дар ин самт идома дорад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






