Беэҳтиётии ронандагон сабаби марги се кӯдак гардид

Июль 6, 2015 06:14

Душанбе, 06.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- 3 кӯдаки хурдсол дар  натиҷаи се садамаи нақлиётӣ аз беэҳтиётии ронандагон ба ҳалокат расид .
Ронандаи мошини “Daewoo Ciello”, сокини 31-солаи ноҳияи А.Ҷомӣ, ҳангоми ҳаракат аз  ноҳияи Ёвон ба ноҳияи А.Ҷомӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, писарчаи 7-соларо пахш намудааст. Дар натиҷа, ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Дар ҳудуди деҳаи Нури Вахши ноҳияи Ҷиликӯл, ронандаи мошини  «Opel-Astra”, сокини 25-солаи ҳамин ноҳия, ҳангоми рондани мошин бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, духтарчаи 7-соларо пахш намудааст. Дар натиҷа хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса фавтидааст.
Ҳамчунин сокини 21-солаи ноҳияи Бохтар бе ҳуҷҷатҳои ронандагӣ ҳангоми ба қафо ба ҳаракат даровардани  мошини тамғаи “ Opel- -vektra”, ки ба падараш тааллуқ дорад, ҷияни 2-солаашро пахш намудааст. Дар натиҷа, духтарчаи хурдсол аз ҷароҳатҳои вазнини бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
ВКД ҷумҳурӣ аз ҳамаи ронандагон хоҳиш мекунад, ки ҳангоми рондани воситаҳои нақлиётӣ қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо риоя намоянд. 

 

Июль 6, 2015 06:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад