Бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ, махсус ва хизматии Тоҷикистону Кувайт
Душанбе, 10.07.2015 (АМИТ «Ховар»).- 30 июни соли 2015 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ, махсус ва хизматӣ аз байн бардошта шудааст.
Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ, махсус ва хизматӣ, ки 23 июни соли 2013 дар ш. Кувайт ба имзо расидааст, аз 11 марти соли 2014 эътибор пайдо намуд. Ҳамчунин Протокол дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ, махсус ва хизматӣ аз 23 июни соли 2013, ки 23 ноябри соли 2014 дар шаҳри Кувайт ба имзо расидааст, аз 30 июни соли 2015 эътибор пайдо кард.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






