Боркашонӣ аз тариқи ҳама гуна намудҳои нақлиёт 1,8 % афзуд
Душанбе, 30.07.2015. (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Суҳроб Мирзоев, муовини якуми вазири нақлиёти Тоҷикистон имрӯз, 30 июл дар ҷамъбасти шашмоҳаи вазорат гуфт, дар нимсолаи аввали соли 2015-ум тавассути ҳамаи намудҳои нақлиёт 36,9 млн. тонна бор кашонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2014-ум 1,8 фоиз зиёд аст.
Ба гуфтаи Мирзоев, аз ҳаҷми умумии боркашонӣ 34,0 млн. тонна бор (92,2%) ба нақлиёти автомобилӣ ва 2,9 млн. тонна бор (7,8%) ба нақлиёти роҳи оҳан рост меояд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта нақлиёти автомобилӣ 3,1 фоиз зиёд ва нақлиёти роҳи оҳан 11,3 фоиз коҳиш ёфтааст.
Дар ин давра бо ҳамаи намудҳои нақлиёт ба 270,8 млн. мусофир хизмат расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2014-ум 2,3 фоиз зиёд мебошад,-иброз дошт ӯ ба хабарнигорон.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






