Боздиди Эмомалӣ Раҳмон ва Нарендра Модӣ аз шифохонаи ҳарбии умумисоҳавии гарнизони Хатлон
Душанбе, 13.07.2015. (АМИТ «Ховар»). -Имрўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ, ки бо сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, ба пойгоҳи қисми низомии 07017-и Қўшунҳои хушкигарди Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шифохонаи ҳарбии гарнизони Хатлон ташриф оварданд. Дар инҷо меҳмонони олиқадрро тибқи оини низомиён, бо саф оростани ротаи қаровули фахрӣ ва таҳти навои Оркестри ҳарбии нафасӣ дар фазои тантанавӣ истиқбол гирифтанд.
Шифохонаи ҳарбии умумисоҳавии гарнизони Хатлон, ки номи шифохонаи дӯстии Тоҷикистону Ҳиндустонро дорад, моҳи октиябри соли 2014 ба фаъолият шуруъ намуда, он бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар муддати кӯтоҳ сохта ва бо таҷҳизоти муосири муоинавию муолиҷавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Шифохона дорои 50 кати хоб буда, дар он муддати 2 сол 73 нафар мутахассисони баландпояи Ҳиндустон кор мекунанд. Ҳамзамон мутахассисони ҳиндӣ ба ҳамкасбони тоҷики худ истифодаи таҷҳизоти навтарини дар ин ҷо насбгардидаро меомӯзонанд. Тамоми таҷҳизот сохти Ҳиндустон буда, ба стандартҳои пешқадами ҷаҳонӣ мутобиқанд.
Бояд гуфт, ки бинои шифохона сеошёна буда, дорои шуъбаҳои ҷарроҳӣ, дандонпизишкӣ, гинекологӣ, дорусозӣ ва ғайра мебошад. Барои нигоҳдории доруворӣ ва омодасозии баъзе доруҳо бинои алоҳида сохта шудааст. Дар ошёнаи дуюми он хобгоҳ барои кормандони тиб ҷой гирифтааст. Бинои алоҳидаи ошхона барои кормандони тиб ва беморони шифохона дорои 50 ҷойи нишаст аст. Шифохона ҳамчунин дорои ду мошини ёрии таъҷилии тиббӣ ва ду мошини муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти сайёри ҷарроҳӣ буда, барои таъмини мунтазами шифохона бо нерӯи барқ дар ин ҷо трансформаторҳои алоҳида ва ҳам генератори барқӣ насб кардаанд.
Бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин шифохона натанҳо ба низомиён, балки ба мардуми ниёзманди деҳоти атрофи ин мавзеъ низ хизмати тиббӣ расонда мешавад.
Лозим ба ёдоварист, ки ҳамкориҳои низомии Тоҷикистону Ҳиндустон аз соли 2002-юм шуруъ шуда, дар самтҳои омодасозии кадрҳои низомӣ, табодули таҷрибаомузӣ дар муборизаи муштараки зиддитеррористӣ ва расондани кумакҳои техникӣ ба Артиши ҷавони Тоҷикистон сол ба сол густариш меёбад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






