Боздиди мудири минтақавии хазинаи СММ аз Парлумони Тоҷикистон
Душанбе, 07.07.20-15.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Густариши равобити Тоҷикистон, аз ҷумла Маҷлиси намояндагон бо ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ зимни мулоқоти Хайринисо Юсуфӣ -муовини раиси Маҷлиси намояндагон бо Карл Кулесса, мудири минтақавии хазинаи нуфуси СММ дар Душанбе матраҳ гардид.
Хайринисо Юсуфӣ ба намояндаи СММ доир ба фаъолияти палатаи поёнии Парлумони кишвар ва нақши он дар эъмори ҷомеаи демократӣ, таҳкими волоияти қонун ва пояҳои давлатдорӣ маълумоти муфассал дод. Мавсуф нақши ниҳодҳои СММ-ро дар самти ҷонибдорӣ аз ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвари он дар мавриди «Даҳсолаи об барои ҳаёт» ва ҷашни байналмилалии Наврӯз муҳим арзёбӣ кард.
Карл Куллеса -мудири минтақавии хазинаи нуфуси СММ аз сатҳи равобити Тоҷикистон бо СММ дар тамоми заминаҳо ибрози қаноатмандӣ намуда, таъкид карда гуфт, ки он дар оянда ба манфиати ҳар ду ҷониб нигаронида хоҳад шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






