Боздиди Сафири Шветсия аз Исфара
Хуҷанд, 20.07.2015. АМИТ «Ховар», Абдуаҳад Шарифзода).-Сафири фавқулода ва мухтори шоҳигарии Шветсия дар Ҷумҳурии Тоҷикисон Оке Петерсон зимни сафари кории худ ба вилояти Суғд дирӯз аз шаҳри Исфара дидан намуд. Тавре ки аз дастгоҳи роҳбари шаҳр иттилоъ доданд, зимни боздид аз шаҳри Исфара Сафири Шветсия Оке Петерсон бо раиси шаҳри Исфара Даврон Зоҳидзода мулоқот дошт. Зимни мулоқот тарафҳо оид ба масоили ҳамкории дуҷониба, минҷумла ҳамкории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара бо ташкилоти байналхалқӣ, шарикони рушд ва бахши хусусӣ, ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоие, ки аз ҷониби САҲА баррасӣ гардидаанд, ҳамзамон ҷонибҳо оид ба вазъи минтақаҳои сарҳадӣ ва роҳандозии муносибатҳои неку дӯстона бо ҳамсоягон, раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, мавқею мақоми занон дар ҷомеа, роҳҳои пешгириву мубориза алайҳи радикализму экстремизм суҳбат намуданд.
Сафири фавқулода ва мухтори шоҳигарии Шветсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Оке Петерсон вобаста ба нақшаву ният ва барномаҳои иҷтимоии тарҳрезинамудаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд, алалхусус барои шаҳри Исфара ибрози назар кард. Зикр гардид, ки то ин муддат бо дастгирии САҲА як силсила лоиҳаҳои хурди пешниҳоднамудаи ташкилоти чамъиятии Исфара бо маблағи умумии 105 ҳазор евро дастгирӣ ва амалӣ шудаанд.
Мавсуф омодагии Сафорати шоҳигарии Шветсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам идораи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар шаҳри Хуҷандро ҷиҳати мусоидат баҳри баланд бардоштани иқтидори ташкилоти ҷамъиятӣ, дастгирии лоиҳаҳои хурд оид ба ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ барои занони Исфара ва таъмини иштироки бонувон дар раванди демократикунонии ҷомеа изҳор дошт.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






