Бунёди Боғи истироҳатӣ дар маркази шаҳраки Оби Гарм
Роғун, 13.07.2015. (АМИТ «Ховар», Субҳониддини Маҳмуд).-Аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллии шаҳраки Роғун 4 млн. 574,7 ҳазор сомонӣ маблағ барои иҷрои корҳои сохтмонию барқароркунӣ ва таъмирӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз ин миқдор 3 млн. 500 ҳазор сомонӣ барои сохтумони асосию барқарорнамоии маҷлисгоҳ барои 425 ҷойи нишаст, 1 млн. 500 ҳазор сомонӣ барои сохтмони мактаби таҳсилоти умумӣ барои 372 нафар хонанда дар деҳаи Ҷавонӣ, 1 млн. 200 ҳазор сомонӣ барои толори варзишӣ, барои идомаи сохтмони бинои маъмурии ҳукумати шаҳри Роғун, бунёди майдончаи варзишӣ, ободонӣ ва сабзазоркунӣ 800 ҳазор сомонӣ ва боқимонда 1 млн. 074,7 ҳазор сомонӣ барои корҳои таъмири ташкилоту муассисаҳои буҷавӣ равона гардидааст. Тибқи иттилои муовини аввали раиси шаҳраки Роғун Раҳимзода Исмоили Ғанӣ аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷети маҳаллӣ барои сохтмони Боғи истироҳатии ба номи Исмоили Сомонӣ дар маркази шаҳраки Оби Гарм 800 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст. Иҷрои корҳои сохтмонӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 1 млн. 787 ҳазор сомониро ташкил додааст.








Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад






