Дӯстзода Ҳасан Тағдир: арзишҳои бегонаро напарастед!
Нуробод, 16.07.2015. (АМИТ «Ховар», Субҳониддини Маҳмуд).- Дар ноҳияи Нуробод вохӯрии раиси ноҳия Дӯстзода Ҳасан Тағдир бо аҳли ҷамоат баргузор гардид. Мавзӯи суҳбат аз пешгирии гаравиши ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва фаҳмонидани зарари фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои ифротию ҷангҷӯ иборат буд. Ба таъкиди раиси ноҳия маҳз паст будани маърифати сиёсии ҷавонон сабаб мегардад, ки онҳо ба арзишҳои бегона рӯй оварда, ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ шомил гарданд. Нафароне пайдо шудаанд, ки худро ҳомии дин нишон дода, бо истифода аз эътиқоди мардум ва дарачаи пасти маърифати сиёсии ҷавонон онҳоро ба доми фиреби худ мекашанд.
Роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия дар вохӯрӣ зарари шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротиро бо далелҳои асоснок фаҳмонида, аз мардум даъват карданд, ки фарзандонашонро нагузоранд ба ин гурӯҳҳои экстремистӣ пайваст гарданд.
Дар ин бора ба АМИТ Ховар мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Гулрухсор Неъматова хабар дод.








Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид






