Дар ҳамоиши Уфа воридшавии Ҳиндустону Покистон ба СҲШ баррасӣ мешавад
Душанбе, 01.07.15. (АМИТ «Ховар»). – Дар ҳоли ҳозир 12 давлат ба Созмони Ҳамкории Шанхай мароқ зоҳир намуда, хоҳиши пайвастан ба онро иброз медоранд. Дар маърӯзаи муовини вазири мудофиаи Русия Анатолий Антонов, ки 30 июн дар машварати вазирони мудофиаи давлатҳои узви СҲШ дар шаҳри Петербург суханронӣ кард, ҳамин мавзӯъ зикр гардид.
«Дар ҳамоиши Уфа дархостҳои Ҳиндустону Покистон барои воридшавӣ ба СҲШ баррасӣ мешаванд. Кишварҳои дигар низ мехоҳанд, ки робитаҳояшонро бо мо, аз ҷумла дар бахши ниҳодҳои мудофиавӣ таҳким бахшанд», — гуфт Анатолий Антонов.
Ба гуфтаи муовини вазир, «ин аз он далолат мекунад, ки аҳамияти СҲШ ҳар чӣ бештар афзуда, роҳҳои ҳалли муштараки масоили муҳимтарини минтақа марбут ба амният, мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва ҷинояткории кибернетикиро ҷустуҷӯ менамояд».
Қаблан дабири кулли СҲШ Дмитрий Мезентсев изҳор дошта буд, Афғонистон, ки аз оғози соли 2015 дар он ҷо шиддат ёфтани муқобилати байни ҷунбиши исломии «Толибон» ва қувваҳои ҳукуматӣ ба қайд гирифта шудааст, проблемаи асосии минтақаи СҲШ ба шумор меравад.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






