Дар Ироқ силоҳбадастони ДИ бо либоси занона фирор мекунанд

Июль 28, 2015 06:21

Душанбе, 28.07.15. (АМИТ «Ховар»). — Силоҳбадастони  гурӯҳи  ифротталаби «Давлати  исломӣ» аз  шаҳрҳои  Рамади  ва Ал — Фаллуҷи  вилояти Анбари  Ироқ, ки  қувваҳои  ҳукуматӣ дар  он  ҷойҳо амалиёти  зиддитеррористиро  роҳандозӣ  менамоянд, рӯ  ба гурез  меоранд.
Тавре ки оҷонсии ТАСС  хабар  медиҳад,  ифротиён  барои  расидан  ба  мақсадашон  либоси  занонаро  дар  бар  мекунанд. Дар  шимоли  Ироқ  беш  аз  20  силоҳбадасти  дар  бар  либоси  занонакардаи  «Давлати  исломӣ» ба  ҳабс  гирифта шудааст. 
Ин на  ягона ҳодисаи  бо  либоси  занона рӯ  ба гурез овардани  силоҳбадастон  аст. Масалан, моҳи  март  дар  натиҷаи  амалиёти  ҳарбии зидди  «Давлати  исломӣ» дар  қисми  шарқии шаҳри  Тикрит  беш  аз 20  ифротии тағйири  либоскарда ҳабс  шуда  буд.

Июль 28, 2015 06:21

Хабарҳои дигари ин бахш