Дар Покистон қатораи мусофирбар ба дарё афтид
Душанбе, 03.07.15. (АМИТ «Ховар»). — Ба иттилои васоити ахбори омма, дар шаҳри Гуҷранвали Покистон (музофоти Панҷоб) қатораи мусофирбар ба дарё афтид.
Тавре ки шабакаи телевизионии Geo TV хабар медиҳад, бар асари ин ҳодиса ҳафт нафар ҳалок гардида, камаш 40 нафар осеб дидааст.
Мувофиқи маълумоти шабакаи телевизионӣ, ду вагони дорои аз 140 то 155 мусофир ғарқи дарё шуданд.
Алҳол дар маҳали воқеа наҷотдиҳандагон кор мекунанд. Барои наҷот додани мусофирони қатора ҷузъу томҳои қувваҳои мусаллаҳи Покистон ва якчанд чархболи низомӣ ҷалб шудаанд.
Мувофиқи тахмини пешакӣ, сабаби ин ҳодиса вазъи ғайриқаноатбахши пули роҳи оҳан будааст, ки беш аз 50 сол муқаддам сохта шудааст.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






