Дар Суғду Хатлон шаҳрвандон бо маводи нашъаовар ва тирҳои ҷангӣ дастгир шуданд
Душанбе, 01.07.2015. (АМИТ «Ховар»).-Аз тарафи кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ сокини 27-сола — хизматчии соҳаи хизматрасонӣ дастгир гардид, ки ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ як адад бастаи полиэтиленӣ бо маводи бӯи махсус дошта ёфт ва мусодира гардид. Зимни бурдани корҳои фаврӣ шахсияти касе, ки ба ӯ маводи нашъаоварро фурӯхт, муайян гардид. Аз тарафи кормандони Раёсати агентӣ фурӯшандаи маводи нашъаовар — сокини 32-солаи ноҳияи Хуросон дар манзили зисташ дастгир гардид.
Тавре ки мутахассисони шуъбаи ташхиси судии РАНМН дар вилояти Хатлон муайян намуданд, маводи мусодирашуда афюн буда, вазни он қариб 4 килограмм мебошад.
Аз тарафи кормандони Раёсати агентӣ дар вилояти Суғд ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ мошини сабукрави тамғаи “”Мерседес-бенс” боздошт гардид. Зимни кофтукови дохили мошин аз зери нишастгоҳи қисми қафои он як адад баста бо маводи ҷигариранг, инчунин 24 дона тири қутраш 5,45 мм дарёфт ва мусодира гардид.
Мутобиқи хулосаи экспертиза маводи мусодирашуда ҳашиш мебошад. Тибқи хулосаи мутахассисон тирҳо ҷангӣ буда, коршоям мебошанд.
Дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ муайян гардид, ки сержанти яке аз сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ бинобар доштани хусумати шахсӣ маводи нашъаовар ва тирҳоро дар мошини шаҳрванд пинҳон намуда, сипас ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ ах тариқи телефон хабар медиҳад. Дар айни ҳол хизматчии ҳарбӣ дастгир гардидааст.
Аз рӯи ҳодисаҳои мазкур парвандаҳои ҷиноӣ оғоз гардидаанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






