Дар Туркия 7 ҷангии «Давлати исломӣ» боздошт шуданд
Душанбе, 02.07.2015 (НИАТ «Ховар»).- Полиси Туркия дар натиҷаи як амалиёт 7 узви гурӯҳи ифротгарои «Давлати исломӣ»-ро боздошт намуд. Дар ин бора хабаргузориҳои Туркия бо такя ба иттилои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин кишвар хабар медиҳанд.
Ҷангиёни ифротгарои «Давлати исломӣ» ҳангоми бозгашт аз Сурия, ки онҷо дар ҷангҳои мусаллаҳ иштирок кардаанд, боздошт гардиданд. Аз боздоштшудагон ду адад пистолет, адабиёти гуногуни ифротӣ ва парчами ташкилоти террористии «Давлати исломӣ» дарёфт ва мусодира гардид.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






