Дар Уфа ҳамоиши Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор мешавад

Июль 10, 2015 06:21

ДУШАНБЕ, 10.07.2015. /АМИТ «Ховар»/. – Президентҳои  Русия Қазоқистон,  Чин,  Қирғизистон,  Тоҷикистон  ва  Ӯзбекистон дар  ҷаласаи  муштараки  Шӯрои  сарони  давлатҳои  Созмони  Ҳамкории  Шанхай (СҲШ), ки дар  шаҳри  Уфаи  Федератсияи  Русия  баргузор  мегардад,  иштирок  менамоянд.
Тавре, ки  ёрдамчии  президенти  ФР Юрий  Ушаков  ба журналистон  хабар  дод, дар  ҳайати  васеи  Шӯро роҳбарони 5 кишвари нозир (Муғулистон,  Ҳиндустон,  Эрон,  Покистон ва  Афғонистон),    иштирок  менамоянд.

Ғайр  аз  ин  ба  ҷаласа  намояндагони  созмонҳои  байналмилалӣ – СММ, ИДМ, СААД, МҲТБО ва АДОҶШ,  ҳамчунин  роҳбарони Шӯрои  ҳамкорӣ  ва Иттиҳодияи байнибонкии  СҲШ даъват  шудаанд.

Аз  моҳи  сентябри  соли  2014 Русия  дар  СҲШ  раисӣ  мекунад, ки  ташаккули  муносибатҳои  умумӣ ба  проблемаҳои  мубрами  минтақавию  ҷаҳонӣ,  густариши   ҳамкорӣ  бо   созмонҳои байналмилалӣ авлавиятҳои  асосии  раёсати он  гардиданд. Ғайр  аз  ин,  сарони  давлатҳо  зарурати  густариши  равобити  фарҳангӣ,  вусъат  бахшидани табодули  ҷавонон  ва сайёҳиро  низ  муҳокима  менамоянд.  Сухан  дар  бораи  рушди Донишгоҳи  шабакавӣ  меравад.

Президентҳо тартиби  қабули  Ҳиндустону  Покистон, ки дар  натиҷаи  ин  Созмон  метавонад  мақоми ғайрирасмию алтернативии  иттиҳодияи  кишварҳои «ҳаштгонаи  бузург» — ро  пайдо  намояд, мувофиқа  мекунанд. Ғайр  аз  ин,  аз  Эрон  дархости расмӣ  дар  бораи  узвият  ба  Созмон расидааст. Бархе  кишварҳо (Озарбойҷон,  Арманистон,  Бангладеш, Белоруссия, Шри – Ланка,  Сурия,  Украина, Ҷумҳурии  Малдив,  Камбоҷа, Миср) низ  хоҳиш намудаанд,  ки  ба  онҳо  мақоми  нозир  ё  шарики СҲШ  дода шавад.

Ба  гуфтаи Дмитрий  Мезентсев, Стратегияи рушд  то  соли  2025, ки аз  рӯи  натиҷаи  ҳамоиш  бояд  тасдиқ  шавад,  ҳуҷҷати  асосии  ҳамоиши  СҲШ мегардад.  Ҳуҷчат ба  масоили   таъмини  амнияти  минтақавӣ  ва вокуниши  фаврӣ  ба ситеза ва  хавфу  хатарҳо  дар  ҳошияи  муколамаи  иқтисодӣ   ба   рушди  нақлиёт  ва инфрасохтор,  энергетика,  кишоварзӣ,  молия,  таҳсилот, технологияҳои  иттилоотию   коммуникатсионӣ,  инноватсияҳо  ва  экология  дахл  мекунад.

Ҳамчунин  Қатъномаи  хотимавии  Уфа ба  имзо расонида,  дар  он  муносибатҳои  якҷояи  давлатҳои  аъзо ба  рушди  минбаъдаи СҲШ,  проблемаҳои   асосии  байналмилалию  минтақавӣ,  ҳамчунин  изҳороти   сарони  давлатҳо ба  муносибати  солгарди  Ғалаба  бар  фашизм  дар  Ҷанги  дуюми  ҷаҳон  ва  муқовимат  ба  проблемаи  хавфу  хатари маводи  мухаддир зикр  дода  мешавад. Президентҳо  Созишномаи  ҳамкорӣ  дар  мубориза бо терроризм ва ифротгароию ҷудоихоҳӣ  барои  давраи сесолаи навбатӣ (солҳои  2016 – 2018) – ро  имзо  мекунанд.

 

Июль 10, 2015 06:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд