Дар вилояти Каписои Афғонистон ду силоҳбадаст кушта шуд

Июль 20, 2015 04:11

Душанбе, 20.07.15. (АМИТ «Ховар»). – Шоми  рӯзи  шанбеи  гузашта   бар  асари  амалиёти  ҳарбӣ  дар  ҳудуди  вилояти  Каписои  Афғонистон  ду  нафар  силоҳбадастон   кушта шуданд. 
Кормандони қувваҳои  амниятӣ дар  вулусволии  Ниҷроб  шаш нафар  шӯришгаронро  дастгир  намуданд. Назар  ба хабари  Агентии  иттилоотии  «Пажвок», яке  аз  роҳбарони  маҳаллии  силоҳбадастон аз ҷумлаи   дастгиршудагон  мебошад. 
Ба  гуфтаи сокинони  маҳаллӣ, ҳангоми  ҳамлаи хидматчиёни  қувваҳои  низомии  Афғонистон  силоҳбадастон дар  бинои  маҳаллӣ  пинҳон  шуда буданд. 
То  ҳол  ягон  гурӯҳи  мухолифини  оштинопазири  мусаллаҳ  ҳалокати  ҳамсафонашонро  шарҳ  надодааст. 

Июль 20, 2015 04:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа