Дастовардҳои мо аз Ваҳдати миллист

Июль 2, 2015 02:02

Душанбе, 02.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Ҷашни Ваҳдати миллӣ  бунёдкориву созандагӣ, накукорӣ, сулҳу дӯстӣ ва ободкориҳоро дар худ таҷассум мекунад ва хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ низ ба он диқати ҷиддӣ доранд.
18-умин солгарди рӯзи Ваҳдати миллӣ дар тамоми ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ бо шукӯҳи хосса доир  шуд.
Зикр шуд, ки маҳз  дар натиҷаи ба даст овардани фазои сулҳу ором дар муддати кӯтоҳ сохтмони биною иншооти аҳамияти ҳарбидошта, ташкилу муҳайё намудани шароити таълимиву маишӣ барои хизматчиёни ҳарбӣ, шаҳракҳои ҳарбиву варзишӣ, синфхонаҳои муҷаҳҳази дарсӣ дар як вақт бо сифати баланд ва бо роҳу усулҳои замонавӣ бунёд  шуданд.
Ҳар сол ба муносибати таҷлили Ваҳдати миллӣ байни взводу ротаҳо, баталону бригадаҳои алоҳидаи Вазорати мудофиа ва қисму воҳидҳои низомии навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ чорабиниҳои гуногуни сиёсиву фарҳангӣ ва мусобиқаҳои мухталифи ҳарбиву варзишӣ дар сатҳи баланд роҳандозӣ мешаванд.

 

Июль 2, 2015 02:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад