Давлатзода Зевар Маҳмудӣ: «Сухани бисёрро дӯст намедорам,мехоҳам бештар кор кунам»
Душанбе, 08.07.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- «Бисёр сухан карданро дӯст надорам, мехоҳам бештар кор кунам». Ин матлабро Давлатзода Зевар Маҳмудӣ -директори тозатаъйини Муассисаи давлатии телевизони «Сафина» 8 июл зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти нимсолаи телевизиони мазкур дар ҷамъи хабарнигорон иброз дошт. Мавсуф афзуд, ки рисолати асосии телевизиони «Сафина» пешбурди сиёсати фарҳангии Ҳукумат ва роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар ин самт иқтидор ва ҳайати эҷодии телевизион имконият медиҳад, ки дар татбиқи он саҳми бориз гузорем.
Зикр гардид, ки роҳбарияти Муассисаи давлатии телевизиони «Сафина» дар ҳамбастагӣ бо ҳайати эҷодии он-мудирони бахшҳо, хабарнигорону рӯзноманигорон ва ҳайати техникӣ беш аз ҳарвақта ҷидду ҷаҳд менамоянд, то ба мухлисони ТВ «Сафина» барномаҳои ҷолиби фарҳангиро, ки тавонанд нуфузи «Сафина»-ро аз имрӯза баландтар бардоранд, таҳия созанд.
Бо дахли беҳтар намудани вазъи иҷтимоии кормандони телевизони «Сафина», ки теъдодашон 205 нафарро ташкил медиҳад, Зевар Давлатзода афзуд, ки аз ҷониби давлат ва ҳукумати Тоҷикистон барои кормандони ин муассиса буҷети хуб ҷудо шудааст. Инчунин роҳбарияти телевизиони «Сафина» саъй менамояд, ки барои таҳия ва омода намудани барномаи ҷолибу диданӣ муаллифи онро ҳавасманд гардонад.
Таъкид шуд, ки дар ин давра дастуру супоришҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёми солона ба Парлумони кишвар бармеоянд, меҳвари аслии фаъолияти кории телевизиони «Сафина» -ро ташкил доданд. Бахусус нуктаҳои асосии ин ҳуҷҷати муҳим дар мавриди эълон намудани Соли 2015 соли оила, коҳиш додани никоҳи хешутаборӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди иҷтимоӣ барои аҳолии кишвар, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва дигар мавзуоти муҳим дастури раҳнамои кормандони муассиса гардиданд. Дар ин мавзуъҳо ҳамарӯза аз тамоми минтақаҳои кишвар гузориш ва барномаҳо омода ва пешкаши тамошобинон гардонида мешаванд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






