Давронҷон Эргашев дар дастаи «Жетису» капитан интихоб шуд
Душанбк, 15.07.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Муҳофизатгари дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон Давронҷон Эргашев капитани тими “Жетису”-и Қазоқистон интихоб шуд.
Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, легионери 27-солаи тоҷик бо нишони капитанӣ дастаи “Жетису”-ро дар бозии даври 20-уми премйер-лигаи Қазоқистон ба муқобили “Ордобас”-и Шимкент ба майдон баровард. Бозӣ бо ҳисоби 3:0 ба фоидаи дастаи муҳофизатгари тоҷик анҷом ёфт.
Баъди 20 давр дастаи “Жетису” бо 14 имтиёз зинаи ёздаҳуми ҷадвали премйер-лигаи Қазоқистонро ишғол кардааст. Бозии навбатии худро “Жетису” рӯзи 18 июл дар сафар бо “Остона” мегузаронад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






