Ду роҳбари калони гурӯҳи ДИИШ дар шарқу шимоли Сурия кушта шуд

Июль 14, 2015 04:09

Душанбе, 14.07.2015. (АМИТ «Ховар», Тоҷиддин Аҳмадзода)-Тибқи иттилои Дидбони ҳукуқи башари Сурия, яке аз роҳбарони такфирии ДИИШ Амир-ал-Рафдон дар як вилояти шарқии Сурия- Дайр-аз-Зур нобуд гардид. Роҳбари дигари ин гурӯҳи террористӣ Абу Усома -ал-Ироқӣ дар вилояти Ҳасака, шимоли ин кишвар маҳв гардид. То ҳол маълум нест, ки ин террористҳо аз ҷониби ҳавопаймоҳои суриягӣ  нобуд гардидаанд ва ё аз сӯи ҳавопаймоҳои  қувваҳои эътилоф. Мавриди зикр аст, ки тӯли чанд рӯзи ахир теъдоди хеле зиёди ин гурӯҳи террористӣ дар сатҳи роҳбарони онҳо нобуд мегарданд.

Июль 14, 2015 04:09

Хабарҳои дигари ин бахш