Душанбеву Деҳлӣ муносиботро тақвият мебахшанд
Душанбе, 10.07.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Интизор меравад, ки зимни сафари давлатии Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Моди ба Ҷумҳурии Тоҷикистон байни ду кишвар созишномаҳо баста шаванд.
Абдулфайз Атоев- сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон 10 июл дар ҷараёни брифинг дар Душанбе ба намояндагони расонаҳои хабарии маҳалию хориҷӣ гуфт, ки муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Ҳиндустон 28 августи соли 1992 барқарор гардиданд. Дар ин муддат сафарҳои ҳайатҳои баландпояи ҳукумати ҳар ду кишвар пайваста сурат мегиранд, ки онҳо дар муносиботи Тоҷикистону Ҳиндустон заминаҳои устувор мегузоранд.
Намояндаи масъули идораи сиёсати хориҷии Тоҷикистон афзуд, ки то ба имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон се маротиба бо сафари расмӣ дар солҳои 1993, 1995, 2001 ва ду бор бо сафари давлатӣ дар солҳои 2006 ва 2012 ба Ҷумҳурии Ҳиндустон сафар кардааст. Абдулфайз Атоев гуфт ки дар ҷараёни ин сафарҳо созишномаву санадҳо дар бахшҳои мухталифи ҳамкорӣ -иқтисод, тиҷорат, тиб (дорусозӣ), тандурустӣ, кишоварзӣ, варзиш ва сайёҳӣ, фарҳанг, маориф ва илму технология ба имзо расиданд, ки дар самти таҳкими ҳамкории минбаъдаи гуногунҷанба мусоидат менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки ҳанӯз соли 2003 Сарвазири вақти Ҳиндустон Атал Биҳари Ваҷпай низ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф оварда буд. Ҳамзамон дигар роҳбарони воломақоми Ҳиндустон ба Тоҷикистон ташриф оварда, дар тақвияти муносиботи ду кишвар -Тоҷикистон ва Ҳиндустон нақши муаасир гузоштаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






