Душанбею Исломобод хостори роҳандозии парвозҳои мустақиманд

Июль 9, 2015 06:21

Душанбе, 09.07.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- «Ҷамъияти  дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ дар доираи фаъолияташ бо зиёда аз 20 кишвари хориҷӣ дар Душанбе ҳамкории зич дошта, дар заминаи он анҷуманҳои дӯстӣ таъсис додааст», гуфт Сайдулло Хайруллоев-раиси ҷамъияти мазкур зимни мулоқот бо Тариқ Иқбол Сумро, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон .Дар мулоқот мусоҳибон масоили марбут ба тақвияти ҳамкории иқтисодӣ, фарҳангӣ ва илмиву адабӣ, хусусан ташвиқу тарғиби фарҳанг, расму ойин ва тамаддуни гузаштаву имрӯзаи Тоҷикистону Покистон дар миёни мардумони ду кишвар баррасӣ гардид.
     С. Хайруллоев ба дипломати покистонӣ доир ба фаъолияти ин ниҳоди фарҳангӣ маълумот дода, гуфт, ки ҳадафи ҷамъият тақвияти ҳамкории гуногунсоҳаи Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ, муаррифии фарҳангу тамаддун, густариши риштаҳои дӯстист. Инчунин С. Хайруллоев раёсат ва аъзои Анҷумани дӯстии «Тоҷикистон — Покистон» — ро ба сафир шинос намуда, кори ҷамъияти мазкурро дар рушди равобити фарҳангии ду кишвар муассир арзёбӣ намуд.
    Ҷонибҳо инчунин дар масъалаи ба роҳ мондани парвозҳои мустақим байни Душанбе ва Исломобод изҳори назар намуда, амалӣ гардидани ин иқдомро барои тақвият додани дӯстиву бародарӣ ва густариши ҳамкории ҳасанаи ду кишвар муҳим арзёбӣ карданд.
       Раиси Раёсати ҶДРФТ таъкид кард, иштироки нахуствазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Навоз Шариф дар Ҳамоиши байналмилалии вобаста ба об, ки дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, омили муҳим барои рушди равобити ду кишвар дар ҳамаи соҳаҳо мебошад.
    Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон Тариқ Иқбол Сумро низ аз пазироӣ ва мулоқот бо раиси ҶДРФТ Сайдулло Хайруллоев изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз дошт, ки ҳамчун сафир барои амалӣ гардидани ҳамаи барнома ва тавофуқномаҳои байни ду кишвар имзошуда талош хоҳад кард.
    Сафири Покистон Тариқ Иқбол Сумро аз фаъолияти Анҷумани  дӯстии «Тоҷикистон — Покистон» изҳори хушҳолӣ карда, таъкид намуд, ки ин ниҳоди дӯстӣ метавонад ҳамкории худро бо ҷомеаи фарҳангии ду кишвар густариш дода, ҳамчун пуле барои таҳкими дӯстӣ кумак намояд.
    Дар мулоқот аз муносиботи дӯстонаи байни шоирони машҳури Тоҷикистону Покистон — Мирзо Турсунзода ва Файз Аҳмад Файз ёдоварӣ шуда, он намунаи олии дӯстӣ барои наслҳои имрӯзаву ояндаи ду кишвар арзёбӣ гардид.
    Инчунин раиси Анҷумани дӯстии «Тоҷикистон — Покистон» Кароматулло Олимов доир ба фаъолияти анҷуман ва ҳамкории он бо сафорати Покистон дар  Тоҷикистон маълумоти муфассал дод.

 

Июль 9, 2015 06:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид