Э. Раҳмон бо эътирофи саҳми беназираш дар ваҳдати миллӣ бо унвони профессори фахрии CERIS сарфароз гардид
Душанбе, 02.07.2015. (АМИТ «Ховар»). — Бо қарори Шӯрои академии Маркази аврупоии тадқиқоти байналмилалӣ ва стратегӣ (CERIS) (ш.Брюссел), муассисаи таҳсилоти олии Иттиҳоди Аврупо дар арафаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо унвони профессори фахрии ин Марказ сарфароз гардиданд.
Маркази мазкур унвони профессори фахриро бо назардошти аҳамияти байналмилалии таҷрибаи нодири сулҳи байни тоҷикон ва нақши таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди минбаъдаи кишварамон додааст.
Боиси зикр аст, ки Маркази аврупоии тадқиқоти байналмилалӣ ва стратегӣ соли 1985 бо ташаббуси профессорони донишгоҳҳо, дипломатҳо ва хизматчиёни давлатии аршад бо мақсади пешбурди тадқиқот ва додани маълумоти пурраи олӣ дар соҳаи сиёсат, муносибатҳои байналмилалӣ ва сиёсати рушд таъсис ёфтааст. Марказ ба хоҳишмандон курсҳои яксолаи магистратураро дар соҳаи “Сиёсати байналмилалӣ” ва “Сиёсати рушд” пешниҳод менамояд. Дар ҳоли ҳозир сафирон, дипломатҳои ҷавону корозмуд, намояндагони сохторҳои Иттиҳоди Аврупо, НАТО ва дигар ташкилоту созмонҳои байналхалқии муқими Аврупо донишҷӯёни он Марказ мебошанд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






