Эмомалӣ Раҳмон: Ба иҷборан гузаронидани маоши кормандон ба суратҳисоби зарардидагони офатҳои табиӣ роҳ надиҳед
Душанбе, 23.07.2015. (АМИТ «Ховар»). – Ин дастур аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси ғайринавбатии Ҳукумати мамлакат 22 июл ба вазорату идораҳои давлатӣ дода шуд, ки ба иҷборан гузаронидани маоши кормандон ба суратҳисоби зарардидагони офатҳои табиӣ дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва дигар манотиқи ҷумҳурӣ роҳ надиҳанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки ҳар гуна кумак аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо бояд ихтиёрӣ ва аз сидқ расонида шавад.
Ёдовар мешавем, ки бо супориши Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои ҷалби кумакҳо ба осебдидагони ҳолатҳои фавқулода дар ВМКБ ва дигар манотиқи ҷумҳурӣ дар БДА ҶТ «Амонатбонк» бо пули миллӣ ва се асъори хориҷӣ суратҳисоби махсус кушода шуд, ки ворид намудани маблағ ба ин суратҳисоб ихтиёрист.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






