Эмомалӣ Раҳмон: “Кор бо ҷавонон ва ба манфиати ҷавонон бояд яке аз афзалиятҳои муҳими СҲШ гардад”
Душанбе, 10.07.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар ин бора Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни суханронӣ дар ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Уфа, пойтахти Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Русия изҳор дошт.
Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай нахуст ба ҷониби Русия ва Владимир Путин барои созмондиҳии шоистаи ин ҳамоиш ва меҳмоннавозӣ арзи қадрдонӣ намуд.
Бо таваҷҷуҳ ба он, ки ин ҳамоиш дар соли таҷлили 70-солагии Ғалаба бар фашизми ҷаҳонӣ ҷараён дорад, Сарвари давлати Тоҷикистон таъкид намуд: “Қаҳрамонии онҳое, ки барои Ғалабаи Бузург ҷони худро нисор намудаанд, моро ба ҳушёрию зиракӣ ва таҳкими ягонагӣ барои ҳифзи сулҳу осоиш ва таъмини рушди устувор водор месозад. Танҳо бо хулосабарорӣ аз сабақҳои гузашта мо метавонем, ояндаи худро ба таври самарабахш бунёд намоем”.
Ҳамчунин таъкид гардид: “Сулҳ бебаҳо аст. Вазифаи умумии мо эҳтиёт кардан, нигоҳ доштан ва ҳифз намудани сулҳу субот дар минтақаи масъулияти СҲШ ва афзун гардондани саҳми худ дар таъмини осоиш дар сайёра аст”.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин як зумра пешниҳодҳои мушаххас ба миён гузошт, ки мавриди дастгирӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла таъкид гардид, ки “кор бо ҷавонон ва ба манфиати ҷавонон бояд яке аз афзалиятҳои муҳими СҲШ гардад” ва пешниҳод карда шуд, ки “яке аз солҳои оянда “Соли ҷавонон” эълон шавад.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз ғояи бунёди “Камарбанди иқтисодӣ”-и Шоҳроҳи Абрешим пуштибонӣ намуда, аз ҷумла тазаккур дод, ки “мо дар он имконоти зиёди густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ дар доираи СҲШ-ро мебинем” ва афзуд, ки “дар раванди рушди навовариҳо робитаҳои минтақавӣ ва соҳибкории хурду миёна метавонанд нақши локомотиви пешбарандаро бар уҳда дошта бошанд”.
Эмомалӣ Раҳмон ба кишварҳои аъзои СҲШ барои дастгирӣ аз номзадии намояндаи Тоҷикистон — Рашид Олимов ба мақоми Котиби генералии ин созмони бонуфуз изҳори қадрдонӣ карда, ба раёсати Федератсияи Русия дар созмон баҳои баланд дод ва ҳам изҳори бовар намуд, ки раёсати Ӯзбекистон низ давоми як соли оянда муваффақу самарабахш хоҳад буд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






