Эмомалӣ Раҳмон: «Тагор ошиқи Машриқзамин ва пайвандгари маънавии Тоҷикистону Ҳиндустон аст»
Душанбе, 13.07.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз дар пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе муҷассамаи шоир, файласуф, мусиқидон ва чеҳрапардози чирадасти ҳиндӣ Робиндранат Тагор бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ расман ифтитоҳ ёфт.
Дар ин маросим Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Робиндранат Тагорро аз зумраи он бузургоне номид, ки беш аз мардумони замони хеш ба наслҳои оянда тааллуқ доранд.
«Тагор ошиқи Машриқзамин буд ва ишқу алоқаи бештаре ба сарзамини шоирхези форсизабонон ва забони форсӣ дошт. Ў ду маротиба барои зиёрати оромгоҳҳои классикҳои адабиёти тоҷику форс Ҳофиз ва Фирдавсӣ азм намудааст ва ҳангоми ин сафарҳояш ҳатто худро эронӣ хондааст. Ва басо рамзист, ки ин Аллома дар оғози асри XXI пайвандгари маънавии ду кишвари дўст – Тоҷикистону Ҳиндустон мебошад», — тазаккур дод Эмомалӣ Раҳмон.
Маврд ба зикр аст, ки Тагор дар ин ҷаҳони нав бо дардҳо, ранҷҳо, беадолатиҳову бемориҳо ошно шуд, ҳамзамон сарвати маънавии миллати бузурги Ҳиндро шинохт ва ба тасвири чеҳраи воқеии он пардохт. Ў пас аз ин беҳтарин осори худро ба вуҷуд овард, достонҳои ҳаяҷонангезе нигошт ва намоишномаҳои камназирро ба риштаи таҳрир кашид.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






