Эмомалӣ Раҳмон: «Тоҷикистону Ҳиндустон оид ба масъалаҳои амният ва мубориза бар зидди зуҳуроти терроризму экстремизм дидгоҳи яксон доранд»
Душанбе, 13.07.2015. (АМИТ «Ховар»). -Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми музокироти байнидавлатии Тоҷикистону Ҳиндустон изҳор дошт, ки Тоҷикистону Ҳиндустон оид ба масъалаҳои амнияту субот, мубориза бар зидди зуҳуроти терроризму экстремизм, кочоқи маводи мухаддир, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва зарурати тақвияти ҳамкории иқтисодии минтақавӣ дидгоҳи яксон доранд.
«Мо мувофиқ бар он будем, ки баъд аз хурўҷи неруҳои асосии эътилофи байналмилалӣ аз Афғонистон ва дар вилоятҳои шимолии он маскан гирифтану фаъол шудани гурўҳҳои мухталифи террористию экстремистӣ пайдо намудан ва ба кор гирифтани роҳҳои муассири ҳалли қазияи Афғонистон ва истиқрори ҳаёти комилан осоишта дар қаламрави он ҳамоҳангии бештари фаъолиятҳои муштараки Тоҷикистону Ҳиндустонро тақозо менамоянд. Дар ин робита зарурати фаъолгардонии гурўҳҳои кории дуҷониба оид ба мубориза бо терроризм ва ҳамкориҳои низомӣ ва Комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкориҳои гуногунарса бори дигар мавриди таъкид қарор гирифт», — таъкид намуд Эмомалӣ Раҳмон.








«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






