Эмомалӣ Раҳмон: «Вазифаи умумии мо-ҳифзи сулҳу суботи минтақаи масъулияти СҲШ»
Душанбе, 10.07.2015. (АМИТ «Ховар»). — «Вазифаи умумии мо иборат аз он аст, ки сулҳу суботи минтақаи масъулияти СҲШ – ро эҳтиёт кунем, нигоҳ дорем ва ҳифз намоем, саҳми худро дар таъмини сулҳи сайёра ба таври хастанопазир афзун гардонем», — гуфт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 10 июл дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки муҳим аст, саъю кӯшишҳои якҷояро дар муборизаи зидди «се адоват» афзун намуда, ба ситезаҳои мавҷуда зарбаи қатъӣ зад, ба бархурд бо хавфу хатарҳои нав омода бошем.
«Азбаски масъалаи таъмини амнияти кишварҳоямон чизи асосӣ мебошад, мо ба танзими кори муштаракамон ҷиҳати татбиқи Барномаи ҳамкории давлатҳои аъзои СҲШ дар мубориза бо терроризм ва ифрогароию ҷудоихоҳӣ аҳамияти бориз медиҳем», — тазаккур дод Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






