Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Уфа гардид

Июль 8, 2015 06:02

Душанбе, 08.07.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай вориди шаҳри Уфа, пойтахти Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Русия шуд.
Дар фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Уфа Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Русия Рустам Ҳамитов, Котиби генералии Созмони ҳамкории Шанхай Дмитрий Мезентсев, намояндагони баландпояи мақомоти марказии Федератсияи Русия ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.
Худи ҳамин рӯз мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ва вохӯриҳо бо роҳбарият ва донишҷӯёни Донишгоҳи нафтию техникии Уфа ва бо намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикону ҳамватанони муқими Русия дар назар аст.
Зимни ин сафар Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуда, чанд мулоқоти дигари дуҷониба, аз ҷумла бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай анҷом хоҳад дод.

Июль 8, 2015 06:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид