Ф. Шарифзода: 2,1 млн.сомонӣ ба суратҳисоби агентӣ бозпас гардонида шуд
Душанбе, 13.07.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Зимни санҷишҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ 249,7 ҳазор сомонӣ маблағ аз ҳисоби барзиёд таъйин ва бозҳисобӣ гардидани нафақаҳо ва 7,5 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби нодуруст пардохт шудани кумакпулӣ барои дафн ва 3,7 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби таъйини нодуруст ва пардохти кумакпулиҳои иҷтимоӣ дар корхонаҳо, ки дар маҷмӯъ 260,9 ҳазор сомониро ташкил менамояд, ба Буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа барқарор карда шуданд. Ин матлабро Файзулло Шарифзода — муовини директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ироа намуд.
Дар нишаст инчунин гуфта шуд, ки зимни санҷишҳо аз ҳисоби нафақагироне, ки ба дигар давлатҳо кӯчидаанд ё дар ҷои истиқомат дарёфт нагардиданд ва нафақагирони фавтида 2,1 млн. сомонӣ ба суратҳисоби агентӣ бозпас гардонида шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет






