Файзобод: 22 нафар соҳиби квотаи президентӣ гардид
Файзобод, 02.07. 2015. (АМИТ “Ховар”, Субҳониддини Маҳмуд).- Дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ 22 нафар беҳтарин шогирдони мактабҳои ноҳияи Фойзобод соҳиби имтиёз барои гирифтани квотаи президентӣ шуданд. Ба озмун зиёда аз 150 нафар довталаб ҳуҷҷат супорида буд. Тавре ки ба хабарнигори АМИТ » Ховар » мудири маорифи ноҳияи Файзобод Файзулло Наҷмиддинов иттилоъ дод, дар зарфи 18 соли қаблӣ аз ноҳия беш аз 297 нафар хонандагон ба мактабҳои олӣ роҳхат гирифтанд, ки аксарашон донишгоҳҳоро бо баҳои хубу аъло хатм кардаанд. Ҳоло 95 нафар ҷавони ноҳия дар мактабҳои олӣ таҳсил доранд. Ташаббуси Сарвари давлат бобати тарбияи кадрҳои соҳибмаълумот аз ҳисоби ҷавонони навоҳии дурдаст самараи неки Ваҳдати миллист.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






