Фазл Ҳодӣ Муслимёр: Силоҳбадастони ДИИШ ба кӯҳсор гурехтанд

Июль 13, 2015 06:10

Душанбе, 13.07.15. (АМИТ «Ховар»). – Раиси Палатаи  болоии парлумони  Афғонистон  Фазл  Ҳодӣ  Муслимёр  изҳор  дошт, ки силоҳбадастони «Давлати  исломӣ»,  ки  дар  ҳудуди  вилояти  Нангарҳори  Афғонистон бадкирдорӣ  мекарданд, баъди  ҳамлаи  тайёраҳо ба  кӯҳсор   рӯ ба  гурез  оварданд. 
«Дар  натиҷаи ҳамлаи тайёраҳои низомии  қувваҳои  Афғонистон  силоҳбадастони  ДИ  талафоти бузург  дода,  дар  кӯҳсор  паноҳгоҳ  меҷӯянд», —  гуфт  Муслимёр. 
Волии  вилояти  Нангарҳор  Салимхон  Қундузӣ изҳор  дошт, ки ҷангиёни  Покистон аз  сарҳад  гузашта, ба  сафҳои  ДИИШ  дар  Афғонистон  дохил  мешаванд.
Ёдовар  мешавем, ки  тайи  ҳафтаи  гузашта  бар  асари ҳамлаҳои тайёраҳои  низомии  қувваҳои  Афғонистон  се  нафар қумондонҳои  калони  «Давлати  исломӣ»,  аз ҷумла  Шаҳидулло  Шаҳид,  Гулзамон ва  пешвои  ДИ  дар  Афғонистону  Покистон  Ҳафиз  Саид  кушта шуданд.

 

Июль 13, 2015 06:10

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад