Фазл Ҳодӣ Муслимёр: Силоҳбадастони ДИИШ ба кӯҳсор гурехтанд
Душанбе, 13.07.15. (АМИТ «Ховар»). – Раиси Палатаи болоии парлумони Афғонистон Фазл Ҳодӣ Муслимёр изҳор дошт, ки силоҳбадастони «Давлати исломӣ», ки дар ҳудуди вилояти Нангарҳори Афғонистон бадкирдорӣ мекарданд, баъди ҳамлаи тайёраҳо ба кӯҳсор рӯ ба гурез оварданд.
«Дар натиҷаи ҳамлаи тайёраҳои низомии қувваҳои Афғонистон силоҳбадастони ДИ талафоти бузург дода, дар кӯҳсор паноҳгоҳ меҷӯянд», — гуфт Муслимёр.
Волии вилояти Нангарҳор Салимхон Қундузӣ изҳор дошт, ки ҷангиёни Покистон аз сарҳад гузашта, ба сафҳои ДИИШ дар Афғонистон дохил мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки тайи ҳафтаи гузашта бар асари ҳамлаҳои тайёраҳои низомии қувваҳои Афғонистон се нафар қумондонҳои калони «Давлати исломӣ», аз ҷумла Шаҳидулло Шаҳид, Гулзамон ва пешвои ДИ дар Афғонистону Покистон Ҳафиз Саид кушта шуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






