Фирори аъзои ДИИШ баъд аз муҳосира

Июль 23, 2015 04:26

Душанбе, 23.07.2015. (АМИТ «Ховар», Тоҷиддин Аҳмадзода)-Бар асоси гузориши як манбаъ гурӯҳи террористии ДИИШ дар шаҳри Фалуҷаи Ироқ бо пешравии неруҳои ироқӣ ва наздик шудани онҳо ба ситезаҷӯён дар вилояти ноороми Анбор дар ғарби Ироқ ба  Сурия гурехта ва сипас он ҷоро низ тарк кардааст. Абдурраҳмон Намровӣ, раиси як Шӯрои маҳаллӣ дар Фалуҷа  эълом кард, ки саркардагони ДИИШ баъд аз муҳосира шудан аз ҷониби қувваҳои мардумӣ ба ҷониби Туркия фирор кардаанд. Мақомоти баландпояи ироқӣ ҳанӯз изҳороти Намровиро тасдиқ накардаанд. 
Дар ин бора шабакаи телевизионии «Пресс-ТВ»-и Эрон хабар додааст.

 

Июль 23, 2015 04:26

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад