Х. Холиқназаров: Ҷавонон аз шабакаҳои иҷтимоӣ низ ба гурӯҳҳои ифротӣ ҷалб мегарданд
Душанбе, 06.07.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Гузариши 80 дарсади аъзои гурӯҳҳои ифротӣ аз тариқи қаламрави Русия ва Туркия сурат мегирад,-гуфт ба рӯзноманигорон директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти кишвар Худобердӣ Холиқназар имрӯз, 6-уми июл зимни нишасти матбуотӣ.
Ба иттилои мавсуф, аксари он ҷавононе, ки шомили гурӯҳҳои ифротӣ мешаванд, мехоҳанд малакаи динии худро дар масҷидҳо сайқал диҳанд,. Баъдан онҳо аз ҷониби нафарони махсуси ифротгаро назорат мешаванд. Ин нафарон дараҷаи саводнокии онҳоро санҷида, сипас бо найранг онҳоро ба ин гурӯҳҳо ҷалб мекунанд. Ҳамчунин гуфта шуд, ки аксари онҳо аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ-интернетӣ ба ин гурӯҳҳо шомил мешаванд. Ҷалби ҷавонон аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ оддитарин кор аст,-афзуд директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти кишвар Худобердӣ Холиқназар имрӯз, 6-уми июл зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон .
Ба таъкиди директори Маркази тадқиқоти стратегӣ, теъдоди воридшавии гурӯҳҳои ифротӣ аз сарҳади Афғонистон ба кишвар на он қадар зиёд аст ва ҳар нафаре, ки аз тариқи ин сарҳад вориди Тоҷикистон мешавад, таҳти назорат қарор мегирад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






