«Харитаи бостоншиносии водии Ҳисори Тоҷикистон» нашр шуд
Душанбе, 02.07.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Нашриёти «Дониш» -и Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби «Харитаи бостоншиносии водии Ҳисори Тоҷикистон» (Археологическая карта Таджикистана Гиссарская долина)-ро бо забони русӣ аз чоп баровард, ки барои 3000- солагии Ҳисор ҳамчун китоби ҷашнӣ арзёбӣ гардидааст.
Бино ба иттилои АИТ, китоби мазкур бо ташаббуси Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши АИ ҶТ интишор шуда, туҳфаи хубест ба ҷашни 3000-солагии Ҳисори Шодмон.
Муаррифи китоб муаррих Т.М.Атахонов буда, он таҳти назари академик Раҳим Масов аз чоп баромадааст.
Дар китоб ёдгориҳои таърихии ин минтақа аз асри сангин сар карда, то охири асрҳои миёна (асрҳои XVII-XVIII) қаламдод гардидаанд. Китоб барои муаррихон, бостоншиносон, омӯзгорони мактабҳои миёна ва олӣ, кишваршиносон, муҳаққиқон ва кормандони бахши барқарорсозӣ ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ нигошта шуда, инчунин барои оммаи васеи хонандагон тавсия дода шудааст.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






