Иҷозат барои вуруди донишҷўёни тоҷик ба Федератсияи Русия
Душанбе, 22.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Бино ба иттилои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вуруди донишҷўён-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар муассисаҳои таълимии Федератсияи Русия таҳсил мекунанд, бинобар вайрон намудани қонунгузории Федератсияи Русия ба муддати муайян ба ин давлат манъ мешавад. Масъалаи гирифтани иҷозати дубораи воридшавии донишҷўён — шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби гурўҳи экспертии Тоҷикистону Русия баррасӣ мегардид. Аз ҷумла, зиёда аз 200 донишҷўй иҷозати дубораи воридшавӣ ба қаламрави Федератсияи Русияро гирифта буд.
Сардори Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Латифӣ Усмоналӣ Ноибпур зикр намуд, ки бо мақсади баррасии фаврии ҳолатҳои мазкур бо тасмими Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия ин кор минбаъд аз ҷониби Намояндагии хадамоти болозикр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мешавад. Мувофиқи тартиби нав аризаҳои донишҷўён — шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо замимаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда барои дарёфти иҷозати дубораи вуруд ба қаламрави Федератсияи Русия аз ҷониби Намояндагии Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул мешавад. Пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ба ҷониби Федератсияи Русия дар муддати як шабонарўз сурат гирифта, дар муҳлати даҳ шабонарўз аз ҷониби дастгоҳи марказии Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия баррасӣ мегардад.
Бинобар ин ба донишҷўён — шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки воридшавиашон ба муддати муайян ба Федератсияи Русия манъ шудааст, бояд барои гирифтани иҷозати воридшавии дубора ба ин давлат ба нишонии шаҳри Душанбе, кўчаи Л. Толстой, 67 муроҷиат намоянд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






