И. Қурбониён: 4 888 воситаи ченак бо сабаби гузаштани муҳлати санҷиш корношоям ҳисобида шуд

Июль 10, 2015 08:23

Душанбе, 10.07.2015. (АМИТ “Ховар”, Раъно Нусратуллозода).-Дар давоми нимсолаи аввали соли 2015 дар 1 ҳазору 293  корхонаву муассисаи ҷумҳурӣ назорати давлатии метрологӣ гузаронида шуда, 201 ҳазору 457 воситаи ченак тафтиш карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 40 ҳазору 159 адад зиёд мебошад. Тавре ки директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ибодулло Қурбониён зимни нишасти матбуотӣ гуфт, 4 ҳазору 888 воситаи ченак  бо сабаби гузаштани муҳлати санҷиш ва ё таъмирталаб будан корношоям ҳисобида шуд ва  тибқи ҳисобот миқдори воситаҳои ченаки корношоям нисбат ба нимсолаи аввали соли 2014  1,5% кам гардидааст.

 

Июль 10, 2015 08:23

Хабарҳои дигари ин бахш