Иброҳим: «Дар Олмон зиндонӣ будан аз озодӣ дар Сурия беҳтар аст»

Июль 20, 2015 06:02

Душанбе,  20.07.2015 (АМИТ «Ховар», Тоҷиддин Аҳмадзода).-Як узви  собиқи ДИИШ пас аз бозгашт ба кишвараш- Олмон иброз доштааст, ки ин гурӯҳи террористӣ ҳеҷ рабте ба ислом надорад.
Иброҳим Б. , ки акнун дар яке аз зиндонҳои Олмон маҳбус аст, дар мусоҳибае бо расонаҳои олмонӣ чӣ гуна пайвастани худ  ба ин гурӯҳро тавзеҳ додааст.
Иброҳим мегӯяд: «Дар замони кӯдакӣ даврони сахте дар мактаб доштааст ва вақтҳои охир аз номзадаш ҷудо шудааст». Ӯ мегӯяд: «Агар гурӯҳе аз авбош дар Ҷамайка ё гурӯҳи Ҳелз Энҷелз дар Амрико ва ё ҳар гурӯҳи дигаре маро интихоб мекарданд, бо онҳо рафта будам, лаҳзае лағжидам ва ба роҳи хато рафтам». 
Иброҳим афзуд: Шахсе дар масҷид ӯро ба ДИИШ тарғиб карда ва аз ӯ пурсидааст: «чӣ тавр метавонӣ осуда ва дар ҷои гарм ва нарм бихобӣ, дар ҳоле, ки мусалмонони ҷаҳон гуруснагӣ мекашанд ва занон таҷовуз мешаванд? Чӣ бар сарат меояд, агар дар Аврупо бимирӣ ва на дар як шаҳри исломӣ? Агар дар Аврупо бимирӣ, ба ҷаҳаннам меравӣ!»
Иброҳим ҳаштуми майи соли 2014 бо дӯсташ ба Туркия ва аз он ҷо ба Сурия рафт. Ин ҷавон мегӯяд, ки аъзои ДИИШ танҳо як интихоб доранд: «бояд фавран тасмим бигиред, ки мехоҳед ҷангҷӯ бошед ё бомбгузори маргталаб шавед, хулосаи калом ин ки вақте он ҷо биравед, дар ҳар сурат кушта мешавед». 
Ин ҷавон қарор аст як муддат бо ҷурми пайвастан ба ДИИШ дар додгоҳ муҳокима шавад. Гуфта мешавад Иброҳим моҳи августи соли 2014 пас аз интиқоли пайкорҷӯёни маҷрӯҳи ДИИШ ба бемористоне дар Туркия, аз он ҷо ба Олмон бозгаштааст. Вай дар идомаи суҳбат мегӯяд: Агар мебинед духтар ё писаратон дар чунин гирдобе гирифтор шудааст ё ба оромӣ аз шумо фосила мегирад, ҳатман иллат ва сабаби ин рафторашро пайдо кунед. Барояш вақт сарф кунед ва ба ӯ нишон диҳед , ки шумо хонаводаи воқеияш ҳастед .
Иброҳим бо исрори тамом мегӯяд, ки ДИИШ ҳеҷ рабте бо ислом надорад. Хулосаи ӯ ин аст, ки: «Агар дар Олмон зиндонӣ бошам, беҳтар аз он аст, то дар Сурия озод бошам».

 

Июль 20, 2015 06:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд