Дар вилояти Хатлон гардиши савдои хориҷӣ ба 210,2 миллион доллар баробар гардид

Июль 15, 2025 09:06

ДУШАНБЕ, 15.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли равон ҳаҷми гардиши савдо дар вилояти Хатлон ба 8 миллиарду 55 миллион сомонӣ ва ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ ба 1 миллиарду 418,2 миллион сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 мутаносибан 8 ва 6 банди фоизӣ афзоиш ёфтааст. Дар ин хусус зимни ҷаласаи навбатии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ дода шуд.

Дар ҷаласа натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилоят дар нимаи якуми соли 2025 мавриди таҳлил ва баррасии амиқ қарор гирифтанд.

Иброз гардид, ки дар 6 моҳи соли 2025 гардиши савдои хориҷӣ ба 210,2 миллион доллари амрикоӣ баробар гардид. Аз он 82,3 миллион доллар ё 39 фоиз содирот ва 127,8 миллион доллар ё 61 фоиз воридоти молу маҳсулот мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки ба ҳолати 1 июни соли 2025 дар вилоят 32 431 ҷойи кор таъсис дода шуда, музди миёнаи меҳнат дар вилоят ба 2192 сомонӣ баробар гардид. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 30,4 фоиз зиёд мебошад.

Дар нимаи якуми соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти умумии кишоварзӣ ба 14 миллиарду 69,6 миллион сомонӣ баробар шудааст.

Тибқи маълумоти оморӣ, дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории вилоят дар 346 299 гектар зироати кишоварзӣ кишт шудааст, ки 104,7 фоизи дурнаморо ташкил медиҳад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Июль 15, 2025 09:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад