Имтиҳонсупорӣ дар Маркази миллии тестӣ оғоз ёфт

Июль 1, 2015 05:45

Душанбе,01.07.2015 (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).-Шурӯъ аз имрӯз,1-уми июли соли равон дар 36 маркази имтиҳонии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои довталабони гурӯҳи ихтисосҳо (кластер)-и 1‑ум имтиҳони қисм (компонент)-и А оғоз шуд. 
Хотиррасон менамоем, ки дар 15 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ 41 маркази имтиҳонӣ таъсис дода шудааст ва вобаста аз шумораи умумии довталабони ҳар як гурӯҳи ихтисосҳо теъдоди марказҳои имтиҳонии аз 1‑ум то 12‑уми июл фаъолияткунанда гуногун аст. Рӯйхати марказҳои имтиҳонӣ бо нишонии онҳо дар сомонаи расмии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудааст.
Дар рӯзи аввал мувофиқи маълумоти оморӣ 11 113 довталаби гурӯҳи ихтисосҳои 1‑ум дар имтиҳони қисми А бояд иштирок намояд.
Бояд гуфт, ки теъдоди умумии довталабони дар ду давра аз қайд гузашта зиёда аз 73 000-ро ташкил медиҳад.
Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ вобаста ба навъи ихтисосҳо- имтиҳони қисми А (имтиҳони умумӣ), имтиҳони қисми Б (имтиҳони ихтисос) ва имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳоратро дар бар мегиранд. Имтиҳони қисми А ва имтиҳони қисми Б-ро Маркази миллии тестӣ ва имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳоратро муассисаҳои таълимии дахлдор баргузор менамоянд.
Имтиҳони қисми А, ки дар давоми 6 рӯзи аввал (аз 1‑ум то 6‑уми июл) барои ҳар як гурӯҳи ихтисосҳо доир гардида, барои ҳамаи довталабон ҳатмӣ ба ҳисоб меравад, 3 субтест — 1) забони тоҷикӣ, 2) математика ва 3) таърихи халқи тоҷик ва асосҳои давлат ва ҳуқуқро дар бар мегирад.
Имтиҳони қисми Б, ки дар давоми 6 рӯзи баъдӣ (аз 7‑ум то 12‑уми июл) барои ҳар як гурӯҳи ихтисосҳо доир мегардад, аз 3 субтест иборат буда, фанҳои имтиҳонии он ба гурӯҳи ихтисосҳо вобастаанд.
Барои воридшавӣ ба маркази имтиҳонӣ довталаб бояд бо худ даъватнома ва шиноснома дошта бошад. Инчунин барои иҷрои тест довталаб бояд аз ручкаи одии шаффофи рангаш сиёҳ истифода намояд. Вобаста ба ин, овардани ду ручкаи одии шаффофи рангаш сиёҳ барои ҳар як довталаб ҳатмист. Таъкид менамоем, ки барои довталабон овардан ва истифода кардани воситаҳои алоқа, техникаи электронии ҳисоббарор (калкулятор, ноутбук, планшет), дастгоҳҳои акс, садо ва наворбардорӣ, соат, маводи иттилоотиву ёрирасон, қайдҳои хаттӣ ва дигар воситаҳои нигоҳдорию интиқоли иттилоот манъ аст.
Инчунин пас аз гузаштани имтиҳонҳо нусхаи варақаҳои ҷавобҳои ҳар як довталаб дар кабинети инфиродиаш ва калидҳои ҷавобҳои дуруст дар сомонаи Марказ ҷойгир  мешавад, ки бо истифода аз онҳо довталаб метавонад шумораи холҳои бадастовардаашро мустақилона ҳисоб намояд. Натиҷаҳои имтиҳонҳо бо низоми балҳо шкалабандӣ мешавад. Аз рӯйи натиҷаи шкалабандӣ дар доираи ҳар гурӯҳи ихтисосҳо барои ҳар субтест ҷадвали мувофиқати хол ва балҳо тартиб дода, дар сомонаи Марказ гузошта мешавад, ки бо истифодаи он довталаб метавонад холҳои бадастовардаи худро аз ҳар як субтест ба балҳо гардонад. Ба ҳар як довталаб бо таъкид тавсия медиҳем, ки аз ин имкониятҳо истифода намояд, зеро ин нуктаҳо барои қадам ба қадам шинос шудан бо натиҷаҳои имтиҳонҳо ва тақсимот муҳиманд.
Ёдовар мешавем, ки барои субтестҳои қисми А шумораи имконпазири ҳадди аксари бал 200 ва барои субтестҳои қисми Б шумораи имконпазири ҳадди аксари бал 300 аст. Шумораи умумии имконпазири ҳадди аксари бал барои ҳар ду қисми имтиҳон 500 аст.
Вобаста ба имтиёзҳои муқарраргардида шумораи умумии имконпазири ҳадди аксари бал метавонад зиёд шавад.
Эълони натиҷаҳои имтиҳонҳо тибқи нақша 25 июл пешбинӣ гардидааст.

Июль 1, 2015 05:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи маъюбон ҳамоиш доир шуд
«САМУРАЕ, КИ ШАМШЕР НАДОРАД». Асари нависандаи ҷопонӣ тарҷума ва нашр гардид
Имсол дар Тоҷикистон дар беш аз 186 ҳазор гектар кишти такрории зироати кишоварзӣ гузаронида мешавад
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар беш аз 10 ҳазор гектар пунбадона кишт намуданд
Дар Тоҷикистон беш аз 11 ҳазор гектар шолӣ кишт шудааст
Дар «Ҳамсафар» 300 нафар хонандагон ба истироҳат ҷалб гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад
Дар назди 4 муассисаи таълимӣ ноҳияи Рӯдакӣ хонаи хизматии омӯзгорон бунёд карда мешавад
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои баргузории Фестивали бозиҳои варзиши миллӣ оғоз гардиданд
Ҷаласаи 6-уми роҳбарони вазорату идораҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оид ба ҳифзи муҳити зист доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Бо мақсади тақвияти устувории шаҳрҳо ба хавфи офатҳо ва тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ машварат доир гардид