Иштирокчиёни муҳорибаҳои Ироқу Сурия дар кофтукови байналмилалианд
Душанбе, 31.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Шахсияти қариб ҳамаи нафарони дар муҳорибаҳои ҷангии давлатҳои Ироқу Сурия иштирок дошта муайян карда шуда, парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, нисбат ба онҳо кофтукови байналмилалӣ ба роҳ монда шудааст.
Прокурори генералии ҶТ Раҳмон Юсуф Аҳмадзод имрӯз зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, ки дар натиҷаи чораҳои андешида 1032 бинои қаблан ба сифати масҷиди ғайрирасмӣ фаъолиятдошта ба ҷойҳои ҷамъиятӣ ва марказҳои фарҳангию фароғатӣ табдил дода шуданд.
Мақомоти прокуратура бо назардошти шиддатнокии болоравии қурби асъори хориҷӣ баҳри таъмини назорати иҷрои қонунгузорӣ дар ин самт бо ҷалби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Бонки миллӣ санҷишҳои муштарак гузаронида, 606 ҳолати қонунвайронкуниҳоро ошкор карда, 70 парвандаи ҷиноятӣ ва 536 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро оғоз намуд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






