Иштирокчиёни муҳорибаҳои Ироқу Сурия дар кофтукови байналмилалианд

Июль 31, 2015 07:10

Душанбе, 31.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Шахсияти  қариб ҳамаи нафарони дар муҳорибаҳои ҷангии давлатҳои Ироқу Сурия иштирок дошта муайян карда шуда, парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида,  нисбат ба онҳо кофтукови байналмилалӣ ба роҳ монда шудааст. 
Прокурори генералии ҶТ Раҳмон Юсуф Аҳмадзод имрӯз зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, ки  дар натиҷаи чораҳои андешида 1032 бинои қаблан ба сифати масҷиди ғайрирасмӣ фаъолиятдошта ба ҷойҳои ҷамъиятӣ ва марказҳои фарҳангию фароғатӣ табдил дода шуданд. 
Мақомоти прокуратура бо назардошти шиддатнокии болоравии   қурби асъори хориҷӣ баҳри таъмини назорати иҷрои қонунгузорӣ дар ин самт бо ҷалби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Бонки миллӣ санҷишҳои муштарак гузаронида, 606 ҳолати қонунвайронкуниҳоро ошкор карда, 70 парвандаи ҷиноятӣ ва 536 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро оғоз намуд. 

 

Июль 31, 2015 07:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад