Иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои аъзои БРИКС, СҲШ ва Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё
Душанбе, 09.07.2015. (АМИТ «Ховар»). — Бегоҳии рӯз дар шаҳри Уфа, пойтахти Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Русия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои аъзои БРИКС (Бразилия, Русия, Ҳиндустон, Чин ва Африқои Ҷанубӣ), СҲШ ва Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, ки дар мавзӯи «Роҳҳои баланд бардоштани некуаҳволии мардумони кишварҳои мо”, баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ намуд.
Хотиррасон бояд намуд, ки дар як вақт ва як ҷо ба ҳам омадани сарони давлатҳои аъзои ин 3 созмон бори нахуст сурат мегирад.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ таваҷҷуҳи ҳозиринро ба мушкилу монеаҳои глобалӣ, ки садди роҳи рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардум мегарданд, ҷалб намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки монеаи асосӣ дар ин роҳ амиқ рафтани бӯҳрони озуқаворӣ, энергетикӣ, молиявию иқтисодӣ ва ҳамчунин гармшавии иқлими сайёра мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон бунёди манбаъҳои энергияи таҷдидшаванда, аз ҷумла иншооти гидроэнергетикӣ, рушди иқтисоди аз ҷиҳати экологӣ бехатар, ки маъмулан иқтисоди сабзаш меноманд ва ҳамчунин фаъолияти бемонеаи шабакаҳои нақлиётӣ ва ҳамлу нақли миллию минтақавиро аз шартҳои асосии рушди устувори ҷаҳонӣ номид.
Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон ба кишварҳое, ки дастрасии мустақим ба роҳҳои баҳрӣ надоранд, расидан ба ҳадафҳои рушди устувор басо мушкил аст. Аз ин хотир, таъкид гардид, ки дастгирии кӯшишҳои чунин кишварҳо дар самтҳои бунёди зербинои муосири ҳамлу нақли миллию минтақавӣ, диверсификатсияи иқтисод ва робитаҳои байналмилалӣ бояд аз ҷумлаи афзалиятҳои асосӣ бошанд.
Умуман суҳбати ғайрирасмии сарони давлатҳои ин 3 созмони бонуфуз дар фазои дӯстию созандагӣ ҷараён гирифт. Зимни бисёр андешарониҳо, аз ҷумла изҳори умед карда шуд, ки чунин ҳамоишҳо паёмадҳои наку хоҳанд дошт.
Ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай пагоҳ, 10-уми июл дар ҳамин ҷо баргузор хоҳад шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






