Иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар муҳокимаи лоиҳаи Қонун «Дар бораи политсия»ногузир аст

Июль 14, 2015 02:36

Душанбе, 14.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Вазорати корҳои дохилӣ лоиҳаи Қонун «Дар бораи политсия» -ро дар сомонаи худ ба баррасии умум гузоштааст, ки ҳадафи он  иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар муҳокимаи лоиҳаи Қонун «Дар бораи политсия» ва ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ дар баррасӣ ва таҳияи ин санади муҳим буда, ба ин васила ба инобат гирифтани таклифу пешниҳоде, ки аз ҷониби онҳо манзур мегарданд, мебошад.
Сабабҳои асосии ислоҳот- ин мутобиқ намудани мақомот ба меъёрҳои байналмилалӣ, рушди сохтору низоми фаъолият, таҷҳизонидани соҳа бо воситаҳои техникии муосир, такмили муносибатҳои тахассусӣ ва ба мардум наздик кардани мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.
Дар баробари ин якчанд омили дигар, аз қабили боло бурдани шаффофияту демократикунонии муносибот бо аҳолӣ ва муҳимтар аз ҳама, таъмини ширкати сокинони кишвар дар фаъолияти рӯзмарраи мақомот муҳтавои ислоҳоти милитсия мебошанд.
 Ҳадафи  ислоҳоти милитсия на танҳо аз тағйири ном, балки аз рушди сартосарии он ва низом дар сохтори Вазорати корҳои дохилӣ иборат мебошад.
Бояд зикр намоем, ки тибқи талаботи Стратегия, Барномаи ислоҳоти милитсия ва нақшаи амаликунонии он, гузаронидани ислоҳоти милитсия то соли 2020 дар се марҳала ба нақша гирифта шудааст.
Дар марҳалаи аввал чорабиниҳои ташкилӣ, таҳлилӣ ва таҳияи зиёда аз 13 санади меъёрӣ — ҳуқуқие, ки барои амаликунонии ислоҳоти милитсия заруранд, ба нақша гирифта шудааст.    
Дар  лоиҳаи Қонун «Дар бораи политсия» таваҷҷуҳи асосӣ ба кафолату ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон, навгониҳо дар сохтори милитсия ва ба хадамоти шабонарӯзии мунтазам бо доираи васеи хизматрасониҳои иҷтимоӣ мубаддал гардонидани он равона шудааст. Аз ҷониби милитсия пешниҳод намудани хизматрасониҳои иҷтимоӣ ба аҳолӣ, кумаки таъҷилии тиббӣ ва  равонӣ, ҷустуҷӯи одамони гумшуда, кумак ба ронандагоне, ки дар роҳ дар вазъияти душвор мондаанд ва ҳатто наҷот додани ҳайвонотро пешбинӣ менамояд.
Дигар тафовут он аст, ки ҷиҳати бартараф намудани омилҳои коррупсионӣ дар ҳар се сол ҷойивазкунии кормандони сатҳи роҳбарикунанда пешбинӣ шуда, баҳогузории фаъолияти онҳо бо роҳи гузаронидани пурсишҳои ҷамъиятӣ аз ҷониби ҷомеаи шаҳрвандӣ амалӣ  мешавад. 
Зикр кардан бамаврид аст, ки бо ибтикори вазири корҳои дохилӣ ва кӯмаки молиявии Дафтари САҲА дар шаҳру навоҳии кишвар, аз ҷониби ташкилоти ғайридавлатии «Сотсиолог», дар мавзӯи «Ҷараёни ислоҳоти милитсия» солҳои 2013-2014 татқиқоти сотсиологӣ гузаронида шудааст.
Мувофиқи маълумоти ба дастоварда 60,8%-и шаҳрвандон ҳолати ҷиноии кишварро дар соли 2014 нисбат ба соли 2013 беҳтар шуморидаанд, ки мутаносибан 10,7% зиёд мебошад. Дар байни сокинони деҳот ин нишондод то ба 69,0% расидааст.
Соли 2014 сатҳи боварии шаҳрвандон ба милитсия дар умум 49,8%-ро ташкил додааст, ки нисбат ба соли 2013 — 4,7% беҳтар мебошад. Сатҳи шаҳрвандони боварӣ надошта аз 46,0% соли 2013 дар соли 2014 то 39,8 ё 6,2% камтар гаштааст.
Аз ҳама муҳим он аст, ки 71,9% пурсидашудагон аз ислоҳоти милитсия тағйироти мусбатро интизоранд. Ин нишондодҳо нисбат ба бисёр кишварҳои дигар беҳтар мебошад.

Июль 14, 2015 02:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд