Иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар муҳокимаи лоиҳаи Қонун «Дар бораи политсия»ногузир аст
Душанбе, 14.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Вазорати корҳои дохилӣ лоиҳаи Қонун «Дар бораи политсия» -ро дар сомонаи худ ба баррасии умум гузоштааст, ки ҳадафи он иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар муҳокимаи лоиҳаи Қонун «Дар бораи политсия» ва ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ дар баррасӣ ва таҳияи ин санади муҳим буда, ба ин васила ба инобат гирифтани таклифу пешниҳоде, ки аз ҷониби онҳо манзур мегарданд, мебошад.
Сабабҳои асосии ислоҳот- ин мутобиқ намудани мақомот ба меъёрҳои байналмилалӣ, рушди сохтору низоми фаъолият, таҷҳизонидани соҳа бо воситаҳои техникии муосир, такмили муносибатҳои тахассусӣ ва ба мардум наздик кардани мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.
Дар баробари ин якчанд омили дигар, аз қабили боло бурдани шаффофияту демократикунонии муносибот бо аҳолӣ ва муҳимтар аз ҳама, таъмини ширкати сокинони кишвар дар фаъолияти рӯзмарраи мақомот муҳтавои ислоҳоти милитсия мебошанд.
Ҳадафи ислоҳоти милитсия на танҳо аз тағйири ном, балки аз рушди сартосарии он ва низом дар сохтори Вазорати корҳои дохилӣ иборат мебошад.
Бояд зикр намоем, ки тибқи талаботи Стратегия, Барномаи ислоҳоти милитсия ва нақшаи амаликунонии он, гузаронидани ислоҳоти милитсия то соли 2020 дар се марҳала ба нақша гирифта шудааст.
Дар марҳалаи аввал чорабиниҳои ташкилӣ, таҳлилӣ ва таҳияи зиёда аз 13 санади меъёрӣ — ҳуқуқие, ки барои амаликунонии ислоҳоти милитсия заруранд, ба нақша гирифта шудааст.
Дар лоиҳаи Қонун «Дар бораи политсия» таваҷҷуҳи асосӣ ба кафолату ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон, навгониҳо дар сохтори милитсия ва ба хадамоти шабонарӯзии мунтазам бо доираи васеи хизматрасониҳои иҷтимоӣ мубаддал гардонидани он равона шудааст. Аз ҷониби милитсия пешниҳод намудани хизматрасониҳои иҷтимоӣ ба аҳолӣ, кумаки таъҷилии тиббӣ ва равонӣ, ҷустуҷӯи одамони гумшуда, кумак ба ронандагоне, ки дар роҳ дар вазъияти душвор мондаанд ва ҳатто наҷот додани ҳайвонотро пешбинӣ менамояд.
Дигар тафовут он аст, ки ҷиҳати бартараф намудани омилҳои коррупсионӣ дар ҳар се сол ҷойивазкунии кормандони сатҳи роҳбарикунанда пешбинӣ шуда, баҳогузории фаъолияти онҳо бо роҳи гузаронидани пурсишҳои ҷамъиятӣ аз ҷониби ҷомеаи шаҳрвандӣ амалӣ мешавад.
Зикр кардан бамаврид аст, ки бо ибтикори вазири корҳои дохилӣ ва кӯмаки молиявии Дафтари САҲА дар шаҳру навоҳии кишвар, аз ҷониби ташкилоти ғайридавлатии «Сотсиолог», дар мавзӯи «Ҷараёни ислоҳоти милитсия» солҳои 2013-2014 татқиқоти сотсиологӣ гузаронида шудааст.
Мувофиқи маълумоти ба дастоварда 60,8%-и шаҳрвандон ҳолати ҷиноии кишварро дар соли 2014 нисбат ба соли 2013 беҳтар шуморидаанд, ки мутаносибан 10,7% зиёд мебошад. Дар байни сокинони деҳот ин нишондод то ба 69,0% расидааст.
Соли 2014 сатҳи боварии шаҳрвандон ба милитсия дар умум 49,8%-ро ташкил додааст, ки нисбат ба соли 2013 — 4,7% беҳтар мебошад. Сатҳи шаҳрвандони боварӣ надошта аз 46,0% соли 2013 дар соли 2014 то 39,8 ё 6,2% камтар гаштааст.
Аз ҳама муҳим он аст, ки 71,9% пурсидашудагон аз ислоҳоти милитсия тағйироти мусбатро интизоранд. Ин нишондодҳо нисбат ба бисёр кишварҳои дигар беҳтар мебошад.








Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд






