Ислом- зидди экстремизм ва терроризми динӣ
Душанбе, 20.07.2015. (АМИТ «Ховар», Руқияи Боймамад).-Тибқи нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи дуюми соли 2015 рӯзҳои 22-23 июли соли ҷорӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи “Ислом зидди экстремизм ва терроризми динӣ” баргузор мегардад. Дар кори конфронс иштироки меҳмонони беш аз 15 кишвари хориҷ, намояндагони созмону ниҳодҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар назар дошта шуда, ташкилкунандаи конфронс Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Афшини Муқим, сухангӯи кумитаи мазкур дар суҳбат бо хабарнигори “Ховар” гуфт, ҳадаф аз ташкили конфронс бори дигар нишон додани чеҳраи аслии дини мубини ислом ҳамчун дини раҳму шафқат мебошад. Гуфта мешавад, дар конфронс дабири кулли Иттиҳоди ҷаҳонии уламои мусулмон Алӣ Муҳиддин ал-Қарадоғӣ иштирок ва суханронӣ менамояд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






