Иваз кардани буғуми 115 бемор ба буғуми сунъӣ

Июль 8, 2015 06:44

Душанбе, 08.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-  Дар давраи ҳисоботӣ дар муассисаҳои тиббии мамлакат дар 115 бемор амалиёти ҷарроҳии иваз намудани буғум ба буғуми сунъӣ  гузаронида шуд. Дар  ин бора имрӯз, 8 июл зимни нишасти матбуотӣ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Нусратулло Салимзода иттилоъ дод.
Ба қавли вазир дар  муассисаҳои давлатии тиббии ҷумҳурӣ  дар маҷмўъ 625 амалиёти ҷарроҳӣ дар дилу рагҳо, 672 амалиёти ангиография ва 161 амалиёти стентгузорӣ гузаронида шудааст. 
Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон» аз марҳилаи ифтитоҳ то инҷониб ба 149 бемор амалиёти пайвандсозии гурда ва ба 5 нафар амалиёти  ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар, дар 6 моҳи соли равон ба 33 бемор амалиёти пайвандсозии гурда ва ба 2 нафар ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар гузаронида шудааст. 
“Дар давраи ҳисоботӣ дар Маркази мазкур шуъбаи пайвандсозии ҷигар ва гипертензияи порталӣ иборат аз 10 ҳуҷра ва 20 кат ба истифода дода шуд”,-илова намуд Нусратулло Салимзода .

 

Июль 8, 2015 06:44

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад