Изҳороти Раёсати Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми шарифи кишвар
Душанбе, 03.07.2015. (АМИТ «Ховар»). — Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон, дуруду салом бар Паёмбари акрам (с) ва бар хонадону ёрони ў бод.
Ассалому алайкум бародарони аҳли Ислом.
Раёсати Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи мубораки Рамазон барои ҳамаи шумо тавфиқи тоату ибодат ва сабру таҳаммул дар адои фаризаи рўза таманно намуда, аз Худованд масъалат дорад, ки аъмоли ҳамаи моро ба даргоҳи хеш қабул фармояд.
Моҳи шарифи Рамазон моҳи нузули Қуръон, моҳи хайру баракат, моҳи ибодат, моҳи хабардор шудан аз ҳоли беморону муҳтоҷон ва дастгирии ятимону ниёзмандон аст. Бояд ҳар як мусулмон ҳурмати моҳи Рамазонро ба ҷо оварда, аз ҳама бадиҳою гуноҳҳо худдорӣ кунад, дигаронро низ ба роҳи ростӣ ва некўкорӣ ҳидоят намояд, то ҳар хайру некиеро, ки аз дасташон барои бандагони Худо меояд, дареғ надоранд. Худованди меҳрубон дар китоби осмонии хеш мефармояд:
«…Ва эҳсон намоед, ҳамоно Худованд накўкоронро дўст медорад». (Сураи «Бақара», ояти 195).
Паёмбари Худо — ҳазрати Муҳаммад (с) низ дар ҳадисе чунин таъкид менамояд: «Касе аз шумо мўъмин шумурда намешавад, то ин ки барои бародараш он чиро дўст дошта бошад, ки барои хеш дўст медорад».
Дини мубини Ислом дар ин моҳ барои афроди доро ва сарватманд садақаи фитрро воҷиб гардондааст, то ба ин восита ибодати худро аз ҳар гуна нуқсону халале ҷуброн намоянд ва қалби шикастаи мискинону бенавоёнро марҳам бахшанд. Аз Расули Худо (с) пурсида шуд, ки кадом садақа беҳтар аст? Дар ҷавоб фармуданд: «Садақае, ки дар моҳи Рамазон бошад». Бинобар ин, ҳар фарде, ки тавони молӣ дорад, бояд тибқи фармудаи Худованд ва Расулаш амал намуда, садақаи фитрашро на ба соҳибнисобону сарватмандон, ходимони дину муллоҳо ва рўҳониёну эшонҳо, балки барои дастгирӣ ва кумак ба ятимону бенавоён ва фақирону бечорагон адо намояд.
Раёсати Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз даргоҳи Парвардигор барои мардуми кишвар тавфиқу имон ва ҳидояти комилро таманно дорад.
Раёсати Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






